Тоҷикистону Русия паҳншавии маълумоти бардурӯғ дар фазои иттилотиро баррасӣ карданд

Намояндагони вузарои хориҷаи Тоҷикистону Русия ахиран дар шакли маҷозӣ дар бораи сиёсати иттилоотӣ табодули афкор намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Ахиран дар шакли маҷозӣ машваратҳо миёни вазоратҳои умури хориҷии Тоҷикистону Русия дар бораи таъмини иттилоотии фаъолияти сиёсати хориҷӣ ва кор бо ВАО баргузор шуд.
Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.
Машваратҳо дар сатҳи роҳбарони воҳидҳои марбутаи мақоми сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва Русия сурат гирифт.
Таджикско-российские межмидовские консультации
Тибқи иттилои ВУХ ҷонибҳо зимни мулоқот вобаста ба масъалаҳои гуногуни ҳамкории дуҷониба дар ин самт, бо таваҷҷуҳ ба таҳкими ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар соҳаи сиёсати иттилоотӣ табодули афкори пурмуҳтаво доир карданд.
Ҳамчунин тарафҳо ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳо барои фароҳам овардани заминаи мусоид дар фазои иттилоотӣ ва рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар қолабҳои бисёрҷониба ба мувофиқа расиданд.
Рамасвами гуфт, ки ба иттиҳомоти зидди расонаҳои Русия бовар надорад
Тарафҳо дар ин машваратҳо муҳимияти кори муштарак дар бораи муқовимат ба паҳншавии маълумоти бардурӯғ дар фазои иттилотӣ дар бораи Тоҷикистон, Русия, робитаҳои ду кишвар, инчунин дар мавзуи муносибатҳо миёни миллатҳо қайд карданд.
Қайд карда шудааст, ки машваратҳо дар руҳияи ҳусни тафоҳум сурат гирифтанд.