ДУШАНБЕ, 18 сен — Sputnik. Авҷи бемориҳои мавсимӣ дар Тоҷикистон ҳафтаи дуюми моҳи октябр дар назар аст , гуфт ба Sputnik Тоҷикистон ноиби сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ Наврӯз Ҷаъфаров.
Ба гуфтаи вай барои Тоҷикистон бемориҳои шадиди роҳҳои нафас дар фасли тирамоҳ хос аст.
“Авҷи бемориҳо тибқи пешгӯиҳои эпидемиологӣ ҳафтаи дуюми октябр дар назар буда, феълан вазъ муътадилу таҳти назорат мебошад”, - гуфт Наврӯз Ҷаъфаров.
Вай афзуд, ки ҳарчанд соли хониш оғоз шуд ва ҳаво каме сардтар гардид, аммо мёни ду ҳафтаи охир ягон тағйироте дар раванди гирифторшавӣ ба бемориҳои мавсимӣ нест.
Ёдовар мешавем, ки қаблан Тоҷикистон дар пайи кишварҳои дигар ба таҳияи тавсияҳои вижа барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории обилаи маймун шурӯъ карда буд. Аз ҷумла, мақомот назоратро дар гузаргоҳҳои марзӣ пурзӯр кардаанд.
Муовини раиси назорати санитарию эпидемиологии Тоҷикистон гуфта буд, ки имкон дорад Тоҷикистон аз Русия системаҳои тестии барои ошкор кардани бемории обилаи маймун бихарад.