ДУШАНБЕ, 17 сен — Sputnik. Дар Душанбе аз 1 сентябр шумори нақлиёти ҷамъиятӣ 20% зиёд карда шуд, иттилоъ додааст маркази матбуоти корхонаи "Душанбенақлиётхадамотрасон".
Ба иттилои манбаъ, ин тасмим барои он гирифта шуд, ки бинобар оғози соли нави таҳсил теъдоди мусофирон ба таври назаррас зиёд мешавад.
“То ҳол дар роҳҳои шаҳр 305 автобус равуо дошта, аз 1 сентябр шумори онҳо ба 375 адад расонида шуд. Мутаносибан шумораи троллейбусҳо аз 55 адад то 75 адад зиёд гардид”, - хабар додааст манбаъ.
Ҳамчунин дар роҳҳои пойтахт шумори микроавтобусҳо (маршруткаҳо) низ зиёд карда шуд.
“Дар робита ба микроавтобусҳо (маршруткаҳо) бошад, шумораи онҳо 100 адад зиёд карда, ба 1050 адад расонида шуд”, - қайд кардааст манбаъ.
Ҳамчунин шумори таксиҳо аз 3200 адад то 3350 адад зиёд гардид.
Дар назар аст, ки ин шумори нақлиёти ҷамъиятӣ барои қонеъ намудани талаботи сокинони шаҳр кофӣ хоҳад буд.
Дар ҳамин ҳол, дар корхона зикр карданд, ки агар ин тадбирҳо барои хизматрасонии муосир ва бароҳати сокинни шаҳр кофӣ нашавад, дар мавриди боз ҳам зиёд кардани шумораи нақлиёти ҷамъиятӣ тадбирҳои иловагӣ андешида хоҳанд шуд.