ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik.Раҳбари Ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистони Меретгули Ғайипназаров ба Пешвои миллии халқи туркман Қурбонқулӣ Бердимуҳамедов сипоснома ирсол кард, иттилоъ додааст “Turkmenistan habarlar portaly”.
Дар ин нома ӯ ба Президенти Анҷумани башардӯстонаи Туркманистон ҷаҳон барои таҳкими муносибатҳои Туркманистону Тоҷикистон изҳори сипос намудааст.
Дар мактуби ирсолкарда таъкид шудааст, ки ифтитоҳи бо тантанаи мактаби миёна дар вилояти Хатлон, ки ба он номи шоири бузурги туркман Магтимгули Фрагӣ барои 540 хонанда сурат гирифт.
Ба гуфтаи вай, ин аз боз хам мустахкам шудани равобити дӯстона миёни мардумони Тоҷикстону Туркаманистон шаҳода медиҳад.
Ноутбук ва автобусе, ки аз ҳисоби Бунёди хайрияи ба номи Қурбонқули Бердимуҳаммадов ба кӯдакони ниёзманд ба хонандагони синфҳои якум тӯҳфа карда шуд, байни ҷавонони туркман дар Тоҷикистон эҳсоси миннатдории амиқро ба вуҷуд оварда.
“Муҳаббати онҳоро ба Ватан боз ҳам мустаҳкамтар кард”,- қайд кардааст дар номаи худ Раҳбари Ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистони.
Дар хотима Раҳбари Ҷамъияти туркманҳои Тоҷикистони Қаҳрамон Аркадаг ва тамоми мардуми туркманро ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти Туркманистон самимона табрик гуфта, ба Раиси Маҷлиси намояндагони халқи Туркманистон саломатии бардавом, умри дароз ва дар фаъолияти давлатӣ комёбиҳои нав орзу намудааст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран дар вилояти Хатлон мактаби миёна бо номи шоири бузурги туркман Магтимгули Фрагӣки барои 540 хонанда, ки бо кумаки Туркманистон сохта шудааст, ифтитоҳ ёфт.