Мақомоту диаспораҳо барои пайваст нашудани муҳоҷирон ба гурӯҳҳои террористӣ талош мекунанд

Мақомот ҳамроҳ бо диаспораҳои тоҷикон ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ ва шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористиро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 сен — Sputnik. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсоз роҷеъ ба ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзии назди вазорат масъалаи ҳамкории диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ кард.
Ин ҷаласа бо иштироки вазири меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода, намояндагони вазорату идораҳо инчунин диаспораҳои тоҷикон ва ҳамватанони бурунмарзӣ баргузор гардид.
Қайд карда шудааст, ки ғайр аз ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷаласа масъалаи бурдани корҳои таблиғотӣ-ташфиқотӣ оид ба фарҳанг, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, риояи қонунгузорӣ, омӯзиши забон ва касбу ихтисос мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Заседание Координационного совета по сотрудничеству с таджикскими диаспорами
Дар ҷаласа қайд карда шуд, ки солҳои охир робита бо диаспораи тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҷалби бештари онҳо барои ҳалли масъалаҳои муҳоҷират, дастгирии сиёсати сулҳпарваронаи давлати Точикистон дар хориҷ, тарғиб ва нигоҳдошти арзишҳои миллӣ, фарҳанг, таърих ва забони миллати тоҷик дар миёни ҳамватанони бурунмарзӣ ташаккул ёфта истодааст.
Дар ҷаласаи мазкур қайд карда шудааст, ки ҷалби дороии диаспораҳои тоҷикон, соҳибкорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирони меҳнатӣ барои рушди соҳаҳои саноат, сайёҳӣ, тандурустӣ, маориф, хизматрасонии иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва таълимии Тоҷикистон бисёр муҳим мебошад.
Душанбе бо Маскав дар мавзуъи назм додан ба муҳоҷират аз Тоҷикистон ҳамсӯ аст
Роҳбарону намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳамватанони бурунмарзӣ дар муҳокимаи масъалаҳо, аз ҷумла дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, бурдани корҳои таблиғотӣ-ташфиқотӣ оид ба фарҳанг, шомил нагардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ-террористӣ, риояи қонунгузорӣ, омӯзиши забон ва касбу фаъолона иштирок намуда, таклифҳои худро пешниҳод намуданд.