ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Бештари вақт муҳоҷирон аз Тоҷикистон ба Русия мераванд.
Гузашта аз ин, аксарият ба кишвар бо "сабабҳои шахсӣ" меоянд, менависад РБК.
Тибқи маълумоти Росстат, ин кишварро 31% муҳоҷироне, ки дар Федератсияи Русия ба сар мебаранд, нишон додаанд.
Пас аз он шаҳрвандони Қирғизистон (10%), Украина (9%), Арманистон (9%), Қазоқистон (9%), Узбекистон (8%) ва ғайраҳо қарор доранд.
Муҳоҷири маъмултарине, ки ба Русия рафтаанд, мард (55%), қобили меҳнат (76%), оиладор (51,4%) ва дорои маълумоти миёнаи пурра (39,4%) мебошад.
Дар ҳамин ҳол, 47%-и муҳоҷирон ба Федератсияи Русия бо “сабабҳои шахсӣ”, 28%-и мутахассисони хориҷӣ барои кор ва 12%-и дигар барои омӯзиш ба ин кишвар мераванд.
Тоҷикистон қаблан бо далели ташдиди назорати марзӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ шаҳрвандони худро ҳушдор дода буд, ки аз сафар ба Русия ва Беларус муваққатан худдорӣ кунанд.