ДУШАНБЕ, 14 сен — Sputnik. Ба фарди ҳамлагар, ки ба раиси Шӯрои уламо Саидмукаррам Абдулқодирзода ҳамла кардааст, аз 5 то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.
Дар ин бора хабаргузории РИА "Новости" бо такя ба як манбаъ дар мақомоти тафтишотии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон менависад.
Ҳамлагар ба авбошӣ айбдор мешавад.
"Дар робита ба ин ҳодиса тибқи моддаи 237-и Кодекси ҷиноӣ ("авбошӣ") парвандаи ҷиноӣ боз шудааст", - гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, раиси Шӯрои уламо, сармуфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода рӯзи ҷумъа дар масҷиди ҷомеъи кишвар дар Душанбе дар намоз ҳузур надошт.
Инро барои намозгузорӣ ба масҷиди марказӣ омадагон низ тасдиқ карданд.
Рӯзи чаҳоршанбеи 11 сентябр, пас аз анҷоми намози шом як шаҳрванд бо нияти авбошӣ раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон, сармуфтии кишвар Саидмукаррам Абдулқодирзодаро дар масҷиди марказӣ бо корд захмӣ кард.
Сару рӯи муфтӣ сабук захмӣ шуда, пас аз ёрии аввал ва муоинаи табибон ба хонааш рухсат шуд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамлагар дастгир карда шуд.