Оғози тафтиши муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русия гирифтанду дар қайди ҳарбӣ нестанд

Тибқи қавонини Русия афроде, ки шиносномаи ин кишварро гирифтааст ва аз сабти ном дар қайди ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, метавонад шаҳрвандиашро аз даст диҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Вазорати корҳои дохилии Русия аз комиссариатҳои ҳарбӣ дархост кардааст, ки дар бораи шаҳрвандоне, ки шаҳрвандӣ гирифтаанд ва худро дар қайди ҳарбӣ нагузоштаанд маълумот диҳанд.
Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Русия Ирина Волк хабар дод.
Ба гуфтаи вай, ин гуна афродро аз шаҳрвандии Русия маҳрум хоҳанд кард.
Тибқи ислоҳот ба қонунҳои “Дар бораи ӯҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва “Дар бораи шаҳрвандӣ” афроде, ки шаҳрвандии Русияро гирифтааст, вале аз сабти номи хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд, метавонад ба қатъи шаҳрвандӣ рӯбарӯ шавад.
"Бо ин мақсад аз комиссариатҳои ҳарбӣ дар бораи шахсоне, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд ва ин ӯҳдадориро иҷро накардаанд, маълумоти иловагӣ талаб карда шуд", - навиштааст Волк дар канали Telegram-и худ.
Душанбе бо Маскав дар мавзуъи назм додан ба муҳоҷират аз Тоҷикистон ҳамсӯ аст
Вай афзуд, тайи ҳашт моҳи соли ҷорӣ беш аз 1100 нафар шаҳрвандоне, ки шаҳрвандии Русияро гирифта будунд, ба хотири ҷиноятҳои содиркарда шаҳрвандиашон бекор карда шуд.
Рӯзи 8 август раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қонунеро имзо кард, ки тибқи он шаҳрванди хориҷӣ, ки шаҳрванди Русия мешавад ва аз иҷро ӯҳдадориҳои худ аз ҷумла худро дар комисариати ҳарбӣ ба қайд намегирад, аз шаҳрвандии ин кишвар маҳрум мешавад.