"Бо оташ бозӣ дорем": Нигаронии ИМА аз азҳороти Путин дар бораи низоъ бо НАТО

Коршиноси низомии амрикоӣ ахиран гуфт, ки кишварҳои Ғарб бо иҷозат додани зарбаи мушакӣ ба умқи ҳудуди Русия, бо оташ бозӣ мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 сен — Sputnik. Кишварҳои ғарб бо талоши иҷозат додан ба Украина барои ҳамла ба қаламрави Русия хавфҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад, гуфт Афсари мустаъфии нерӯҳои мусаллаҳи ИМА Дэниел Дэвис.
"Мо бо андешидани чунин иқдомҳо аслан бо оташ бозӣ мекунем (Иҷозат додан ба Киев барои зарба задан ба ҳудуди Русия)", - гуфт афсар дар канали Deep Dive YouTube.
Ба фикри у, роҳбарони давлатҳои Ғарб намефаҳманд, ки бо карорҳои худ чаҳонро ба марҳалаи нави ҷанг наздик мекунанд, ки ин хавфи боз ҳам шиддат гирифтани вазъро ба вучуд меорад.
Қаблан Путин гуфта буд, ки кишварҳои узви Паймони Атлантикаи Шимолӣ ҳоло на танҳо имкони истифодаи мушакҳои дурпарвози Ғарбро баррасӣ мекунанд, дар асл онҳо дар бораи дахолати мустақим дар муноқишаи Украина фикр доранд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Алихонов гуфт, ки амалиёти вижа чашми тамоми ҷаҳонро ба аслиҳаи Русия ҷазб кард
Вай афзуд, ки дар сурати ширкати мустақими кишварҳои НАТО дар амалиёти ҷангӣ, Русия маҷбур мешавад, бар асоси таҳдидҳое, ки ба ин васила эҷод мешавад, тасмимҳои дахлдор бигирад.
Қабл аз ин, The Guardian бо такя ба манобеъи раҳбарияти Бритониё хабар дода буд, ба Киев барои зарба бо мушакҳои Storm Shadow ба қаламрави Русия аллакай иҷозат дода шудааст.
Ин нашрия навиштааст, ки дар рӯзҳои наздик дар ин бора расман эълон нахоҳад шуд.