Ҷанҷол дар Иттифоқи нависандагон: Аъзоён пул намедиҳанд

Раёсати иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба адибони қарздор ҳушдор додааст, ки агар ҳаққи узвияти худро пардохт накунанд, масъалаи узвияташон баррасӣ мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 сен — Sputnik. Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз аъзоёне, ки қарздоранд хоҳиш кардааст, ки ҳаққи узвияти худро бисупоранд.
Муовини якуми раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа дар як паёме ба адибони тоҷик қайд кардааст, ки пардохти ҳаққи аъзогӣ бахусус ба адибоне рабт дорад, ки дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунанд.

“Раёсати ИН бори дигар аз аъзое, ки то ҳол қарздоранд, хоҳиш мекунад, ки ҳаққи узвияти худро бисупоранд. Аксарашон ин ӯҳдадории худро аз соли 2020 ин сӯ иҷро накардаанд”, - қайд кардааст оқои Мирхоҷа.

Вай таъкид кардааст, ки исми онҳое, ки ҳаққи аъзогӣ намесупоранд, дар арафаи маҷлиси октябрии Садорати ИНТ расонаӣ карда, дар маҷлиси садорат масъалаи узвияташон тибқи талаботи Оинномаи ИН баррасӣ хоҳанд кард.
Тақдими ҷоизаи Рӯдакӣ ба Далер Назаров
Иттифоқи нависандагон ёдрас шудааст, ки миқдори ҳаққи узвият дар як сол барои аъзое, ки кор мекунанд, ҳамигӣ 50 сомонӣ, барои нафақагирон 25 сомонӣ муқаррар карда шудааст.
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ташкилоти эҷодӣ, ки адибони Тоҷикистонро муттаҳид месозад. То соли 1992 ҷузъи Иттифоқи нависандагони ИҶШС, баъд аз он аъзои дастаҷамъонаи Иттиҳодияи байналхалқии иттифоқҳои нависандагон мебошад. Моҳи майи соли 1934 чун қисми таркибии Иттифоқи нависандагони ИҶШС ташкил ёфтааст.