Таҷлили бо шукуҳи ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон дар Маскав - акс

Дар шаҳри Маскав бо ҳузури меҳмонони зиёд Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ботантана ва шукуҳи хос таҷлил карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 сент — Sputnik. Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар шаҳри Маскав ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор намуд.
Дар чорабинии тантанавӣ аъзои Шурои Федератсия, вакилони Думаи давлатӣ, аъзои ҳукумати Русия, роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷӣ ва дигар намояндагони мақомоти давлатии ин кишвар, сафирони кишварҳои хориҷӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, аҳли илму фарҳанг, инчунин ҳамватанони муқими Русия иштирок доштанд.
Дар чорабинии мазкур ба сифати меҳмони расмӣ муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко ширкат варзид.
Дар маросими ифтитоҳи ин чорабанӣ сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода зимни суханрониаш аз дастовардҳои муҳимтарини давлат дар солҳои истиқлолият, нақши афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, инчунин муносибат ва ҳамкорӣ бо Русия таъкид кард.
1 / 5
Посол Ирана в РФ Казем Джалали и посол Таджикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода
2 / 5
Заместители Министра и Генеральный директор Министерства иностранных дел Российской Федерации Андрей Юрьевич Руденко и посол Тажикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода
3 / 5
Заместители Министра и Генеральный директор Министерства иностранных дел Российской Федерации Андрей Юрьевич Руденко и посол Тажикистана в РФ Давлатшох Гулмахмадзода
4 / 5
9 сентября 2024 года Посольство Республики Таджикистан в Российской Федерации организовало торжественный приём, посвященный 33-й годовщине Государственной Независимости Республики Таджикистан.
5 / 5
9 сентября 2024 года Посольство Республики Таджикистан в Российской Федерации организовало торжественный приём, посвященный 33-й годовщине Государственной Независимости Республики Таджикистан.
Вай инчунин дар бораи ҳадафҳои стратегии кишвар, ташаббусҳои байналмилалии ҷумҳурӣ ва ҳамкории кишвар бо давлатҳои дигар, алалхусус бо Русия ва ташкилотҳои байналмилалӣ суханронӣ намуд.
Сафир таъкид кард, ки воқеан, Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми тоҷик бузургтарин арзиш ва сарвати миллӣ аст.
Дар назди ҳозирин инчунин муовини вазири корҳои хориҷии Русия Андрей Руденко сухан гуфт.
Мавсуф ҳозиринро ба муносибати ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик гуфта, ба мардуми тоҷик сулҳу осоиш ва шукуфоӣ таманно намуд.
Чорабиниро барномаи фарҳанги, ки таҷассумгари таърихи бостонӣ, фарҳанги ғанӣ ва бозгуй аз анъанаҳои деринаи халқи тоҷик буд, пуршукуҳ гардонид.
Акси Раҳмону Дуои модар дар осмони торики Хуҷанд: Таҷлили Рӯзи истиқлол дар Суғд
Ҳамзамон ба меҳмонон филмҳо ва наворҳо дар бораи дастовардҳои бузурги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи 32 соли Истиқлолияти давлатӣ, инчунин мавзеъҳои беҳтарини сайёҳии мамлакатамон манзур гардид.
Дар доираи чорабинӣ ҳамчунин дар саҳни толори меҳмонхонаи "The Ritz-Carlton" намоишгоҳи молу маҳсулоти саноати, меваҳои тару тоза, хушкмеваҳо, маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили сӯзанӣ, чакандӯзӣ, либосҳои миллӣ Тоҷикистон ташкил гардида, инчунин маводҳои иттилоотии сайёҳии кишвар, мусаввараҳои рассомони тоҷик ва дигар ашъёҳо ба маърази тамошо гузошта шуданд.
1 / 3
По инициативе Посольства Республики Таджикистан в Российской Федерации 9 сентября 2024 года в честь празднования Дня государственной Независимости Республики Таджикистан на медиа-фасадах высотных зданий города Москвы, внутри аэропортов и на Арбате были вывешены видеобаннеры с поздравлением
2 / 3

3 / 3

Ин дар ҳолест, ки Ҳамчунин, ба ифтихори Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар биноҳои баладошёнаи шаҳри Маскав ва фурудгоҳҳои он ба тарзи видеоролик парчами Тоҷикистон парафшон гардид.