ДУШАНБЕ, 8 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон вориди ноҳияи Ашт ва дар деҳаи Ошоба бо кори корхонаи ҶДММ "Рахшона" шинос шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти президенти кишвар хабар медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар майдони беш аз 70 гектар 22 обанбори моҳипарварӣ мавҷуд буда, дар он беш аз 300 ҳазор моҳӣ, аз қабили амури сафед, карп, сазан парвариш карда мешавад.
Ҳамин тариқ, дар давоми солҳои 2019-2023 кормандони хоҷагӣ 1,2 ҳазор тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол карданд. Дар назар аст, ки дар оянда дар ин мавзеи ноҳияи Ашт коргоҳи бастабандии моҳӣ низ бунёд шавад.
Илова бар ин, роҳбари ҷумҳурӣ дар деҳаи Ошоба корхонаи мурғпарварӣ ва фермаи чорводории ҶДММ "Рахшона"-ро ба истифода дод.
Корҳо оид ба таҷдид ва барқарорсозии ин 2 иншоот моҳи январи соли 2024 оғоз гардида, тибқи ҷадвал аз ҷониби ширкати сохтмонии "Рахшона" анҷом дода шуд.
Масоҳати умумии корхона 86,8 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дафтари матбуот тавзеҳ дод, ки барои таҷдид ва таҷҳизонидани корхона бо таҷҳизоти замонавӣ 1,8 млн сомонӣ сарф шудааст.
Бо истифода аз маҳсулоти корхона ҳамарӯза қаймоқ, ҷурғот, равғани зард ва қурут истеҳсол карда мешавад.
ҶДММ дар оянда дар ҳудуди корхона биноҳои нави фабрикаи мурғпарварӣ бунёд намуда, истеҳсоли гӯшти мурғро зиёд намуда, дар таъмини сокинон бо ҷойи кори доимӣ саҳм гузоштанист.