ДУШАНБЕ, 7 сен — Sputnik. Давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ба сатҳи бо маҳсулоти ғизоӣ худӣ қариб пурра таъмин кардани кишварҳо расидаанд.
Дар ин бора муовини нахуствазири Беларус дар мулоқот бо вазири рақобат ва танзими зиддиинҳисории Комиссияи иқтисодии Авруосиё Игор Петришенко хабар дод.
Ба гуфтаи вай, Беларус дар иттиҳодия мавқеи пешсафро ишғол мекунад ва тақрибан 95% маҳсулоти қобили ниёзашро худаш истеҳсол мекунад.
Русия бошад 90%, Қазоқистон 80%, Қирғизистон 77% талаботи аҳолиро қонеъ мегардонад, шарҳ дод Петришенко.
Дар ҳамин ҳол, соли гузашта ММД-и созмон 2,3 триллион долларро ташкил дода, додугирифт бо кишварҳои сеюм 60% афзоиш ёфтааст, афзуд ӯ.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ният доранд, то охири соли 2024 созишнома дар соҳаи ҳамлу нақлро имзо кунанд.
Ҳуҷҷат самтҳои нақлиётеро муайян мекунад, ки метавонанд дар роҳҳои долони нақлиётии Авруосиё ҳаракат кунанд.