ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти мудири ширкат "Арса" барои "қаллобӣ" хабар дод.
Ба иттилои Агентӣ ҳарчанд ин ширкат иҷозатнома надошт, вале бо ин вуҷуд, аз корҷӯён ним миллион сомонӣ ҷамъ кардааст.
Агентӣ дар сомонаи расмии худ қайд кардааст, ки мудири кулли ширкати "Арса" Одилов дар шаҳри Душанбе ба "қаллобӣ" мутаҳҳам аст ва ҳоло дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
"Ӯ аз моҳи декабри соли 2023 то апрели соли 2024 бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрвандони Тоҷикистон даромада, дидаву дониста аз он, ки ҷамъияти ӯ бо ширкатҳои кортаъминкунандаи давлати Британия Кабир шартномаи ҳамкорӣ надорад, барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ равон кардан, аз шаҳрвандон аз 22 ҳазор то 25 ҳазор сомонӣ талаб карда, дар маҷмуъ 550 ҳазор сомониро гирифтааст",- омадааст дар хабарнома.
Манбаъ қайд кардааст, ки нобурда ба манфиати шаҳрвандон ягон амали муайянро иҷро накарда, аз ҳисоби ин маблағ автомашинаи тамғаи ТОЙОТА “ЛЕНДКРУЗЕР” харидорӣ намуда, боқимонда маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф ва тасарруф кардааст.
Зикр гардидааст, ки дар ҳоли ҳозир нисбати мудири ширкат барои "қаллобӣ" парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, ӯ дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Агентӣ аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати дидани зарари моддӣ аз кирдорҳои қаллобонаи мудири ширкат бо ариза ба раёсати Агентӣ ва дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.