Тақдими ҷоизаи Рӯдакӣ ба Далер Назаров

Ҷоизаро ба Далер Назаров Абдулло Раҳмонзода, дастёри президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа дар як маҳфиле тақдим кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Далер Назаров, овозхон ва оҳангсози шинохтаи 65- солаи тоҷик баландтарин ҷоизаи адабии кишвар - Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро гирифт.
Дар наворе, ки ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гаштааст, лаҳзаи супоридани ҷоиза дида мешавад.
Ҷоизаро Абдулло Раҳмонзода, ёрдамчии президент оид ба масъалаҳои робита ба ҷомеа мусупорад ва таъкид мекунад, ки “ифтихорманд ҳастам, ки ин ҷоизаро ман месупорам”.
Қайд карда шудааст, ки Далер Назаров ҳамроҳи 7 таҳиякунандаи филми “Роҳ”-и коргардон Носир Саидов сазовори ин ҷоиза шуд.
Аз ҷумла ба Сафар Ҳақдодов, раиси Иттифоқи синамогарони Тоҷикистон, Мавлона Наҷмиддинова, ҳунарпешаи шинохтаи тоҷик, Зулфия Содиқова, ҳунарпешаи шинохтаи Тоҷикистон, Георгий Дзалаев, суратгир ва наворбадор, Нисо (Надежда) Муҳаммадҷонова, ҳунарпешаи театру синамо, Абдукарим Машрабов, ҳунарпеша ва роҳбари театри Лоҳутӣ ҷоизаи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ супорида шуд.
Далер Назаров:То даме, ки гуфтанӣ дорам, овозам садо медиҳад
Коргардони ин филм Носир Саидов рӯзи 29-уми август ҷоизаашро аз дасти раисҷумҳури кишвар гирифта буд.
Ҳамчунин вазорати фарҳанг феҳрасти комили барандаҳои ҷоизаи Рӯдакӣ дар соли 2024 нашр кард.
Дар бахши адабиёт. Шоир Рустам Ваҳҳобзода – барои маҷмуаи шеърҳои "Қаламрави меҳр".
Дар бахши мусиқӣ ва ҳунарнамоӣ. Ҷӯрахон Обидпур – барои "Луғатномаи тафсирии истилоҳоти мусиқӣ".
Дар бахши санъати тасвирӣ ва меъморӣ. Самӣ Азизиён – барои асари меъмории "Тахти тоҷикон" дар маҷмааи "Майдони Истиқлол".
Дар бахши эҷодиёти бадеӣ барои кӯдакон ва наврасон. Нависанда Равшан Махсумзод – барои маҷмуаи қисса ва ҳикояҳои "Кафшергар".
Дар бахши публитсистика. Абдураҳмон Абдуманнон – барои маҷмӯаи очерк, мусоҳиба ва мақолаҳои публитсистии "Аз дирӯз ва имрӯзи адабиёти тоҷик".
Дар бахши тарҷума, пажӯҳиш ва тарғиби адабиёти тоҷик дар мамлакатҳои хориҷӣ. Иосиф Брагинский – барои силсилаи асарҳои адабиётшиносӣ, чопи осори адибони тоҷик дар нашриётҳои Русия ва Аврупо ва тарғиби собитқадамонаи асарҳои адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик.
Далер Назаров 8 сентябри соли 1959 дар шаҳри Душанбе дар оилаи санъатшинос Меҳрубон Назаров ба дунё омадааст. Ҳамчун сарояндаи сурудҳои эстрадӣ ва оҳангсоз ном бароварда, дар чанд филм ҳам нақш офаридааст.
Аз ҳайкалтарош то суфӣ: Далер Назаров маскавиҳоро бо ҳунарнамоияш ба ваҷд овард
Бо вуҷуди он ки Далер Назаров, яке машҳуртарин ва маҳбубтарин овозхони тоҷик маҳсуб мешавад то имрӯз ҳеч унвону ҷоизаҳои давлатӣ надошт. Баҳси додани унвони давлатӣ ба Далер Назаров солҳост, ки идома дошт. Чандин маротиба гурӯҳе аз санъаткорону фарҳангиёни кишвар пешниҳод карда буданд, ки ба ӯ ҷоизаи давлатӣ диҳанд. Аммо мақомот то имрӯз ҳуҷ унвон ё ҷоизае надода буд.
Худи Далер Назаров борҳо дар суҳбату мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки ба ӯ ҳеҷ унвон лозим нест, зеро муҳаббати мухлисон барояш унвон мебошад.
Ҷоизаи ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ, ки соли 1963 таъсис ёфтааст, ҳамасола ба саршиностарин чеҳраҳои адабиву фарҳангӣ тақдим мешавад. Маблағи ҷойи аввали ҷоизаи Рӯдакӣ баробари 3500 доллар аст.
Ҷоизаи ба номи Рӯдакӣ аз пуррақобаттарин мукофоти давлатӣ ба шумор меравад, ки бисёр адибонро барои пешниҳоди асар ба озмун ташвиқ мекунад. Ин ҷоизаро маъмулан дар арафаи 9-уми сентябр - Рӯзи истиқлоли Тоҷикистон тақдим мекунанд. Дар солҳои Шӯравӣ Мирзо Турсунзода, Мӯъмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бозор Собир ва дигарҳо барандаи ин ҷоиза шудаанд.