Россотрудничество геологҳои ҷавони Тоҷикистонро дастгирӣ кард

Яке аз мактабҳои таҳсилоти умумии Душанбе, ки дар он таълим ба забони русӣ сурат мегирад, аввалин иштирокчии лоиҳаи "Геологи ҷавон" гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен — Sputnik. Россотрудничество ба яке аз мактабҳои шаҳри Душанбе, ки дар он таълим ба забони русӣ сурат мегирад, як баста китоб ҳадя кард.
Маросими супоридани китобҳои таълимӣ ва бадеӣ аз номи “Хонаи русии” шаҳри Душанбе дар мактаби миёнаи рақами 20 баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки ин муассисаи таълимӣ аввалин иштирокчии лоиҳаи "Геологи ҷавон" гардида аст.
1 / 5
В ходе традиционной предпраздничной линейки, посвященной грядущему Дню независимости Таджикистана, в СОШ №20 состоялась церемония передачи партии учебной и художественной литературы от Русского дома в Душанбе. Помимо этого, школа стала первой участницей проекта "Юный геолог". Набор образцов полезных ископаемых уральских месторождений передал руководитель представительства Россотрудничества в Таджикистане Андрей Патрушев.
2 / 5
Школьники СОШ №20 в Душанбе
3 / 5

4 / 5
Школьники СОШ №20 в Душанбе
5 / 5
Школьники СОШ №20 в Душанбе
Маҷмӯи намунаҳои маъданҳои конҳои Уралро раиси намояндагии Россотрудничество дар Тоҷикистон Андрей Патрушев ба роҳбарияти мактаб тақдим кард.
"Ин намунаи таълимӣ аз Маркази таълимии геологҳо, конканҳо ва экологҳои ҷавони Урал аст. Умедворам, ки намунаҳои супурдашуда ба дарсҳои шумо гуногунӣ ворид мекунанд ва шумо имкон пайдо мекунед, дар бораи касбҳо паҳлуҳои ҷолибу ҷадид омӯзед. Чунин мутахассисон аз қабили геологҳо ва экологҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон лозиманд ва шояд дар оянда "бархе аз шумо ояндаи худро бо ин касбҳо мебахшед", - гуфт ӯ.
Қарор аст, чунин бастаҳо китоб ва намунаҳо ба дигар мактабҳои Тоҷикистон низ интиқол дода шаванд.
Раҳмон гуфт, дар соли 2024 ба соҳаи маориф чӣ қадар пул равона шудааст
Интизор меравад, ки дар доираи лоиҳаи "Геологи ҷавон" бо иштироки мутахассисони Донишгоҳи давлатии кӯҳии Урал барои мактаббачагон ва омӯзгорон лексияҳо ва видеоконфронсҳо баргузор карда шаванд.
Лоиҳа бо мусоидати Сафорати Русия ва “Хонаи Русия” дар Душанбе ароҳандозӣ шудааст.
Мактаби раками 20 дар Сталинобод соли 1938 таъсис ёфта, холо дар он 1,6 хазор нафар хонанда ба дарс фаро гирифта шудааст. Дар солхои Чанги Бузурги Ватанӣ дар мактаб бемористони сайёр барои интиқоли маҷруҳин ҷойгир буд.