Артиши Русия дар 14 деҳаи вилояти Курск нерӯҳои украиниро шикаст дод

Артиши Русия ба мавқеъи нерӯҳои Украина дар 14 деҳаи вилояти Курски Русия бо кумаки ҳавопаймо ва тӯпхонаи зарба заданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 6 сен – Sputnik. Артиши Русия нерӯҳои украиниро дар маҳалҳои аҳолинишини Апанасовка, Борки, Вишневка, Внезапное, Гордеевка, Кругленкое, Казачая Локня, Косица, Леонидово, Мартиновка, Малая Локня, Новоивановка, Сорочина ва Снагости вилояти Курск шикаст дод.
Дар ин бора вазорати дифои Русия хабар додааст.
"Зарбаҳои ҳавоӣ, тӯпхонаӣ ва амалиёти фаъолонаи нерӯҳои хушкигарди Русия сарбозон ва техникаи воҳидҳои украиниро дар ин минтақаҳо нобуд карданд", — иттилоъ додааст вазорат.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Путин: Украина ба аҳдофаш нарасид
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Нерӯҳои Русия нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украинаро идома медиҳанд.