Тоҷикистон мехоҳад бо кӯмаки "Татнафт" полоишгоҳи нафтӣ дар Данғараро ба кор андозад

Тоҷикистон ният дорад дар ҳамкорӣ бо ширкати нафтии Тотористон “Татнафт” корхонаи полоиши нафтӣ дар Данғараро ба кор андозад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 сен – Sputnik. Тоҷикистон ният дорад, бо ширкати "Татнафт"-и Тотористон барои ба кор андохтани яке аз бузургтарин корхонаҳои полоиши нафтӣ, ки дар минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" воқеъ аст, ҳамкорӣ намояд.
Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар ҳамоиши сармоягузории Тоҷикистон ва Тотористони Русия, ки дар Душанбе баргузор шуд, хабар дод.
"Яке аз мухимтарин масъалахое, ки мо дар рушди ҳамкориҳо байни кишварҳоямон мебинем, ин беҳтар кардани кори мо ва иқтидори истеҳсолии мо мебошад, аз ҷумла истеҳсоли сӯзишворӣ. Дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара чунин корхона вуҷуд дорад <...> Боварӣ дорам, ки бо ҳамкории мутақобила ва эҷоди механизмҳои нав мо ба пешравиҳое ноил шавем, то ин корхонаро дар якҷоягӣ бо ширкати "Татнафт" ба кор андозем", - гуфт ӯ.
Аз коркарди нафт то алюминий: мувофиқаҳои Душанбеву Боку сари тарҳҳои бузурги саноатӣ
Вазири саноат ин тарҳро барои Тоҷикистон муҳим арзёбӣ кард.

"Салоҳияти шумо, таҷрибаи шумо, яке аз беҳтаринҳо ба ҳисоб меравад", гуфт Шералӣ Кабир ба ҳамкорони худ аз Тотористон.

Сохтмони корхонаи коркарди нафти Данғара дар вилояти Хатлон соли 2014 оғоз шуда, соли 2018 ба анҷом расид. Иктидори пешбинишудаи корхона 1 млну 200 хазор тонна сӯзишворӣ дар як сол мебошад, вале аз сабаби нарасидани ашёи хом роҳандозии корхона ба таъхир афтод.
Дар Тоҷикистон нафт ба миқдори кам истеҳсол мешавад, ки барои таъмини корхонаҳои коркарди нафт кифоя нест. Қаблан мақомоти Тоҷикистон аз гуфтушунидҳо бо дигар кишварҳо ба хотири хариди нафти хом барои коркарди он дар дохили кишвар хабар дода буданд.
Далер Ҷумъа, вазири энергетикаи Тоҷикистон моҳи июл хабар дода буд, ки ҷумҳурӣ барои ба кор андохтани корхонаи полоиши нафт ба маблағ ва мутахассисон ниёз дорад.