ДУШАНБЕ, 3 сен — Sputnik. Дар Қирғизистон тамринҳои низомии кишварҳои узви Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) "Ҳамкорӣ -2024" оғоз меёбад.
Дар ин бора дафтари матбуоти СПАД хабар додааст.
Машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ нерҳои муштараки зудамали СПАД "Ҳамкории мутақобила – 2024", машқҳои махсус бо нерӯҳо ва воситаҳои иктишофӣ "Ҷустуҷӯ - 2024", қувваҳо ва воситаҳои таъминоти моддию техникии қӯшунҳои (қувваҳои дастаҷамъӣ) СПАД "Эшелон - 2024" дар ҳудуди Қирғизистон дар давраи аз 3 сентябр то 15 сентябр баргузор мегардад", — гуфта мешавад дар изҳороти расмӣ.
Гуфта мешавад, ки дар ин машқҳои нерӯҳои мусаллаҳи кишварҳои узви СПАД: Беларус, Русия, Қирғизистон, Тоҷикистон, Қазоқистон ва гурӯҳҳои зудамал ва ситоди муштараки ин созмон ширкат мекунанд.
Иштироки воҳидҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Горди миллӣ, Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ ва хадамоти вижаи кишварҳои узви ин иттиҳодия низ дар назар аст.
Тавре сардори ситоди муштараки СПАД Андрей Сердюков дар нишасти ахир гуфт, намояндагони Алҷазоир, Миср, Ҳиндустон, Эрон, Чин, Муғулистон, Покистон, Арабистони Саудӣ, Узбекистон, котиботи СММ ва СҲШ, кумитаи иҷроия ва зиддитеррористии ИДМ ҳамчун мушоҳодон ба машқҳо даъват шудаанд.
Дар маҷмӯъ, дар тамринҳои СПАД беш аз 5 ҳазор нафар ва беш аз 900 воҳиди аслиҳа, низомӣ ва техникаи вижа ҷалб карда мешаванд.
Қаблан ҷониби Арманистон ба СПАД хабар дода буд, ки ният надорад дар ин машқҳо ширкат кунад. Ёдовар мешавем, ки ин кишвар ширкат дар ин созмонро мутаваққиф кардааст.