Шаршараи Ниагара бо рангҳои парчами Тоҷикистон дурахшон хоҳад шуд

Дар рӯзи таҷлили 33-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон шаршараи Ниагара бо рангҳои парчами миллӣ мунаввар хоҳад шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Шаршараи Ниагара бо рангҳои парчами Тоҷикистон дурахшон хоҳад шуд.
Дар ин бора сафорати Тоыикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хабар дод. Гуфта мешавад, ин ба муносибати 33-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон баргузор мешавад.
Ҳамин тавр, парчами Тоҷикистон рӯзи 9 сентябр соати 07:15 ба вақти Душанбе ва 8 сентябр соати 22:15 ба вақти Ню-Йорк дурахшон мешавад.
Таъкид мешавад, ки равшании шаршараро метавон мустақиман тамошо кард.
“Либоси сиёсӣ” ё Тоҷикистонро чаро намефаҳманд
Ҳар сол миллионҳо сайёҳон аз шаршараи Ниагара дидан мекунанд.
Паҳнои шаршара 792 метр, баландии он 53,6 метр, ҳаҷми оби фуромада 2,2 млн литр дар як сонияро ташкил медиҳад.
Дар системаи равшании шабонаи шаршараи Ниагара 1,4 ҳазор фурӯзонаки индивидуалӣ истифода мешавад.