Раҳмон гуфт, дар соли 2024 ба соҳаи маориф чӣ қадар пул равона шудааст

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2024 маблағгузории соҳаи маориф ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ гуфт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маблағгузории соҳаи маориф сол ба сол зиёд карда шуда, вазъи соҳа ва кормандони муассисаҳои таълимӣ мунтазам беҳтар мегардад.
Ба гуфтаи вай дар ин давра илова ба хароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ мешавад.
“Агар соли 2000 ба соҳаи маориф ҳамагӣ 42 миллион сомонӣ ҷудо шуда бошад, ин нишондиҳанда соли 2005 ба 253 миллион, соли 2010 ба зиёда аз 1 миллиард, соли 2015 ба 2,5 миллиард, соли 2020 ба 5,5 миллиард ва соли 2024 ба 8 миллиарду 231 миллион сомонӣ расонида шуд, ки 5,7 фоизи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва 18,9 фоизи хароҷоти умумии буҷети давлатиро ташкил медиҳад”, -изҳор доштанд Пешвои миллат.
Раҳмон ба волидайн: Барои кӯдакон шароити беҳтар муҳайё созед, то ки онҳо бесавод намонанд
Раҳбари Тоҷикистон қайд кард, ки аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз масъалаҳои мактабу маориф ва омӯзгору хонанда таҳти таваҷҷуҳу ғамхории аввалиндараҷаи Ҳукумати мамлакат қарор дошта, раванди ислоҳоти соҳаи маориф ва таҷдиду навсозӣ дар ҳама самтҳои он бомаром идома дорад.
Вай таъкид намуданд, ки то имрӯз бо мақсади ба танзим даровардани фаъолияти соҳа садҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, амалӣ мешаванд.