Фармони Раҳмон дар бораи интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо

Тибқи фармони раисҷумҳур интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 2 сентябр то 2 октябр соли равон баргузор мегардад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Дар фармони нашршудаи раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, санаи таъйин намудани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо нашр шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳо аз 2 сентябр то 2 октябр соли 2024 гузаронида шавад.
Раисҷумҳур фармон додааст, ки Ҳайати фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳое, ки дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинӣ гардидааст, дар мувофиқа бо раисони шаҳру ноҳияҳое, ки дар ҳудуди онҳо қисмҳои ҳарбӣ ва сохторҳои дар онҳо хизмати ҳарбӣ пешбинигардида ҷойгир мебошанд, дар муҳлати муқаррарнамудаи банди 1 фармони мазкур гузаронидани интихоботи машваратчиёни халқии судҳои ҳарбии гарнизонҳоро мутобиқи Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ таъмин намоянд.
Таъкид шудааст, ки фармон мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Тоҷикистон ва моддаи 20 Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои Тоҷикистон” содир шудааст.
Раҳмон ба волидайн: Барои кӯдакон шароити беҳтар муҳайё созед, то ки онҳо бесавод намонанд
Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон машваратчиёни халқии судҳо бо назардошти таҷрибаи зиндагӣ, рафтору эътибор ва маҳалли зисти онҳо интихоб мешаванд ва шарт нест, ки онҳо дорои маълумоти олии ҳуқуқӣ бошанд.
Ба гуфтаи коршиносон машваратчиён баъди таҳлили моҳияти ҷиноят ва ҳолатҳои сабуккунандаю вазнинкунанда ба додрас ибрози ақида мекунад ва назарашонро ба инобат мегиранд.
Ба гуфтаи ҳуқуқшиносон, машваратчиёни суд танҳо дар баррасии парвандоҳе ширкат мекунанд, ки пушти дарҳои боз баргузор мешавад.