Муколамаи тиҷоратии ИИАО ва Эрон рӯзи 1 октябр баргузор мешавад

Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод, ки муколамаи тиҷоратии ИИАО ва Эрон рӯзи 1 октябр дар доираи Форуми иқтисодии АвруОсиё дар Арманистон баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Ахиран мулоқоти корӣ миёни вазири савдои Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Андрей Слепнев ва сафири Эрон дар Русия Казем Ҷалолӣ баргузор гардид.
Дар ин бора Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни он омодагии муколамаи тиҷоратии ИИАО ва Эрон, ки баргузории он санаи 1 октябр дар Еревани Арманистон ба нацша гирифтааст баррасӣ шуд.
Тарафҳо изҳори итминон карданд, ки муколамаи тиҷоратӣ ба яке аз рӯйдодҳои муҳими Форум табдил хощад ёфт ва имкони тавсеаи равобити тиҷорӣ ва иқтисодии миёни тоҷирони кишварҳои иттиҳод ва ширкатҳои эрониро фарощам месозад.
Коршиноси рус гуфт Тоҷикистон аз узвият дар ИИАО чӣ суд мегирад
Илова бар ин, тарафҳо дар бораи рафти тасвиби созишномаи тиҷорати озод ва нақшаҳои рушди ҳамкориҳои ИИАО ва Эрон дар соли ҷорӣ ва соли оянда табодули назар карданд.
Форуми иқтисодии АвруОсиё аз 30 сентябр то 1 октябри соли 2024 дар Еревани Арманистон баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, 25 декабри соли 2023 дар ҳошияи нишасти Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар шаҳри Санкт-Петербург Созишномаи тиҷорати озод миёни ИИАО ва Эрон ба имзо расид.