Коршинос: Тоҷикистон метавонад ба як бозигари муҳим дар бозори ҷаҳонии уран гардад

Коршинос Владимир Пинаев дар бораи аҳамияти санади имзошуда миёни ширкати “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва “Ширкати миллии атомии “Казатомпром”; ро шаҳр дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Тоҷикистон метавонад дар баробари Қазоқистон, Узбекистон ва Русия ба як иштирокчии муҳими бозори ҷаҳонии уран табдил ёбад.
Доценти Институти экологияи Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи. Патрис Лумумба, узви Шӯрои ҷамъиятии назди Вазорати захираҳои табиии Русия, узви Шӯрои ҷамъиятии созмони асосии кишварҳои узви ИДМ оид ба маърифати экологӣ Владимир Пинаев ба Sputnik Тоҷикистон тафоҳумномае, ки миёни Душанбе ва Остона ба имзо расидааст, шарҳ дод.
"Маъданҳои истихроҷшуда ба бозори байналмилалӣ бароварда мешаванд, ки ин барои рушди кишвар [Тоҷикистон] ва Осиёи Марказӣ муҳим аст, зеро барои истихроҷ ва коркарди он сармоя ҷалб карда, ҷойҳои нави корӣ ташкил карда мешавад ва ин санад албатта, ба таълиму тарбияи кадрҳо барои саноат мусоидат мекунад", - гуфт ӯ.
Пинаев зикр кард, ки имрӯз ба уран на танҳо дар Тоҷикистон, Қазоқистон ва Русия, балки дар саросари ҷаҳон талабот вуҷуд дорад. Давлатҳое, ки аз технологияҳои энержии атомӣ истифода мебаранд, ба ин бахш таваҷҷӯҳи зиёд доранд, аз ҷумла ИМА, Фаронса, Чин, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Британияи Кабир, Шветсия, Испания, Ҳиндустон, Белгия ва дигар кишварҳо.
Росатом боз 3 "гӯристонҳои уран" дар Суғдро безарар мекунад
"Бо вуҷуди он, ки дар як қатор кишварҳои Аврупо соҳаи энергетикаи атомӣ дар ҳолати бӯҳронӣ қарор дорад, дар оянда неругоҳҳои атомӣ метавонанд ба манбаи асосии энергия табдил ёбанд", - шарҳ дод коршинос.
Вай аз нақшаҳои Русия ёдовар шуд, ки то соли 2042 11 нерӯгоҳи нави атомӣ бунёд кунад.
"Ғайр аз ин, истифодаи реакторҳои ба наздикӣ таҳия ва санҷидашудаи нейтронӣ дар Русия сӯзишвории ҳастаиро бо самаранокии баланд таъмин мекунад, аз ин рӯ, талабот ба захираҳои сӯзишвории ҳастаӣ афзоиш хоҳад ёфт", - гуфт Пинаев.
Вай афзуд, ки Русия муддати тӯлонӣ бо Тоҷикистон дар ин самт ҳамкорӣ дорад. Ҷонибҳо дар авоили соли 2017 созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи осоиштаи нерӯи ҳастаиро имзо карданд.
Ин санад барои аввалин бор дар таърихи муносибатҳои Русия ва Тоҷикистон заминаи ҳуқуқӣ барои ҳамкории муштарак дар соҳаи энергетикаи ҳастаӣ фароҳам овард, гуфт оқои Пинаев.