Ашраф Гулов ба муовини Вазири корҳои хориҷии АМА нусхаи эътимоднома супорид

Сафири Тоҷикистон ба муовини Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб нусхаи эътимоднома супорид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Дар шаҳри Абузабӣ Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб Ашрафҷон Гулов нусхаи эътимодномаро ба муовини Вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Холид Абдулло Ҳумайд Белҳул супорид.
Дар ин бора сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар додааст.
Ёдовар мешавем, ки 16 августи соли 2024 бо Фармони Президенти Тоҷикистон Ашраф Гулов Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб таъйин гардид.
Ашраф Гулов қаблан сафири Тоҷикистон дар Туркия буд.
Аз Туркия ба Амороти Муттаҳидаи Араб: Ашраф Гулов дар дигар кишвар сафир таъйин шуд
Ашраф Гулов моҳи июли соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин гардида буд. Ӯ то ин мақом дар мақоми Консули Тоҷикистон дар Русия ва сардори яке аз раёсатҳои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ фаъолият дошт.
Ашраф Гулов, домоди Эмомалӣ Раҳмон президенти кишвар ва писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва саноат аст.