Александр Лукашенко зодрӯз дорад: Раҳмон ҳамтои белорусиашро табрик кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Беларус Александр Лукашенко суҳбати телефонӣ анҷом дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбати телефонӣ президенти Беларус Александр Лукашенкоро ба муносибати зодрӯзаш самимона табрику муборакбодӣ кард.
Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
“Кишвардори Тоҷикистон Президенти Беларусро бо рӯйдоди хотирмон — ҷашни 70-солагии зодрӯзашон самимона табрику шодбош гуфта, ба Александр Лукашенко сиҳатмандии комил ва дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои навин ба нафъи мардуми дӯсти Беларус орзу намуд”, - хабар додааст манбаъ.
Дар чорчӯбаи суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз нақши созандаи Александр Лукашенко дар ҷодаи густаришу таҳкими муносиботи гуногунҷанбаи дӯстӣ ва ҳамкории Тоҷикистону Беларус махсус таъкид карданд.
Машварати Лукашенко ба Рамазон Раҳимзода ва ҳамтоёнаш аз ИДМ: Аз Русия дур нашавед
Ёдовар мешавем, имрӯз Президенти Беларус Александр Лукашенко зодрӯзи худро ҷашн мегирад.
Александр Лукашенко соли 1994 раҳбарии кишвари Белорусро бар ӯҳда гирифт. Ӯ аввалин ва доимии президенти Беларус аст. Александр Лукашенко мисли ҳамтоаш аз Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми президент дар қиёс ба президентҳои дигар кишварҳои ИДМ мӯҳлатит тӯлонӣ кор кардааст.
Александр Лукашенко дар деҳаи Кописи вилояти Витебск таваллуд шудааст. Ӯ факултети иктисодии Академияи хоҷагии қишлоқи Белоруссияро хатм кардааст.