Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Охирин лаҳзаи ҷанги тонки украинӣ дар Курск – видео

Вазорати дифои Русия навори нобудсозии як тонки артиши Украина тавассуити паҳподи интиҳорӣ дар вилояти Курскро нашр кард
Sputnik
Вазорати дифои Русия хабар дод, ки сарбозони рус аз гурӯҳи нерӯҳои шимолӣ бо кумаки паҳподи интиҳорӣ як тонки артиши Украинаро нобуд карданд.
"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои кашшофӣ дар минтақаи марзии вилояти Курск, сарбозони гурӯҳи "Шимол" ҳаракат ва тирандозии як тонки Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро ошкор намуданд, пас аз таҳлили иттилои расида, қарори нобудсозии тонки душман қабул шуд”, - гуфта мешавад дар изхорот.
Дар натиҷаи зарбаи паҳподи интиҳорӣ як тонки артиши Украина нобуд карда шуд.
Агар ба Путин мувофиқ бошад: Изҳори Ғарб дар бораи тарҳи сулҳ барои Украина
Дар наворе, ки вазорати дифоъ нашр кардааст, таркишҳои сахт ва оташ дида мешавад.
Дар ҳамин ҳол вазорати дифои Русия хабар додааст, ки артиши Украина дар вилояти Курск аз рӯзи оғизи ҳамла то имрӯз то ҳафт ҳазор нафарашро аз даст додааст.
Ҳамчунин артиши Русия дар ин самт дар ин муддат 74 тонки укрианиро нобуд кардааст.
Вазорати дифои Русия қайд кардааст, ки амалиёти нобудсозии воҳидҳои Нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар ин минтақа идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов гуфт, субҳи 6 август нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо ҳадафи тасарруфи қаламрав ба вилояти Курск ҳамла карданд ва пешравии онҳоро рафъ намуданд. Вай таъкид кард, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман ва бозгашт ба марзи давлатӣ анҷом меёбад.
Раисиҷумҳур Владимир Путин изҳор дошт, ки режими Киев даст ба иғво задааст ва ба тарафи мардуми осоишта тирандозӣ мекунад. Путин гуфт, ки душман посухи арзанда хоҳад гирифт ва ҳама ҳадафҳое, ки дар назди Русия истодаанд, амалӣ хоҳанд шуд.