ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Департаменти омори Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар гузориши ахираш маълумот дар бораи иҷрои буҷаҳои кишварҳои узви ИИАО дар нимсолаи аввали соли равон нашр кард.
Дар маълумотҳои пешниҳодшуда дар бораи чӣ тавр иҷро шудани буҷаҳои панҷ кишвари узви иттиҳодия, инчунин маълумот дар бораи қарзи давлатии кишварҳои узв нашр шудааст.
"Дар моҳҳои январ-июни соли 2024 дар Арманистон ва Қирғизистон мозоди будҷа ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта дар Арманистон 12 маротиба кам ва дар Қазоқистон 13 баробар зиёд шуд. Дар Русия касри буҷа (мутаносибан 18% ва 2 маротиба) коҳиш ёфт", - гуфта мешавад дар гузориш.
Суръати афзоиши қисмҳои даромад ва хароҷоти буҷетҳои кишварии давлатҳои ИИАО назар ба ҳамин давраи соли гузашта динамикаи гуногун дошт.
Суръати баландтарини афзоиш дар даромади буҷа дар Русия (+34%) ба қайд гирифта шудааст, пасттарин дар хароҷоти буҷа дар Қазоқистон (-2%) мушоҳида шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ дар сохтори даромад ҳиссаи бештарро андоз аз арзиши иловашуда (25 – 39%), инчунин дигар даромадҳои буҷа (43 – 55%) сабт гардидааст.
Дар қисми хароҷот ҳиссаи калонро маблағгузории соҳаи иҷтимоӣ ва фаъолияти миллӣ ишғол намуд. Ба ғайр аз маблағгузории бахши иҷтимоӣ дар Қирғизистон, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҳиссаи хароҷот аз рӯи ин моддаҳо афзуд.