ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Корхонаи истеҳсоли сӯзандоруи яккарата ва системаи қатравии яккатара бо саҳми соҳибкор Икром Набиев ва аз ҷониби ширкати "Сино медикал" бунёд мегардад.
Ахиран раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шахсан ба шаҳри Истаравшан рафта аз рафти бунёди ин корхона аз наздикӣ шинос шуд.
Ширкати “Сино медикал" дар вилояти Суғд нахустин корхонаест, ки истеҳсоли сӯзандору ва системаи қатравиро ба роҳ монда, маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ, барои бунёди ин корхона беш аз 10 млн сомонӣ сармоягузорӣ карда шудааст.
Иттилоъ дода шудааст, ки дастгоҳу таҷҳизот аз кишварҳои пешрафта оварда шуда, мутобиқ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мебошанд.
Дар ин корхона солона то 60 млн дона сӯзандоруи яккарата ва 5 млн дона системаи қатравӣ истеҳсол карда мешавад.
Бо оғози фаъолияти ин корхона воридоти ин навъи маҳсулот кам гардида, дар корхона дар се баст беш аз 120 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.