Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Агар ба Путин мувофиқ бошад: Изҳори Ғарб дар бораи тарҳи сулҳ барои Украина

Рӯзномаи ғарбӣ таъкид кардааст, ки барои Трамп иҷрои ваъдаи худ дар бораи хотима додани низоъ дар Украина бисёр душвор хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 авг — Sputnik. Дар як рӯз хотима додани низоъ дар Украина барои номзад ба мақоми президентии ИМА Доналд Трамп осон нахоҳад буд, зеро Русия бар Украина пирӯз мешавад, навиштааст сиёсатшинос Алессандро Орсини дар мақолае дар рӯзномаи “IL Fatto Quotidiano”.
"Азбаски тавозуни нерӯ ба нафъи Русия тағйир ёфтааст, муноқиша танҳо дар сурате хотима меёбад, ки Путин аз пешниҳоди Трамп қаноатманд бошад", - мегӯяд сиёсатшинос.
Вай ёдовар шуд, ки нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар як набарди муҳим бар Русия пирӯз нашудаанд ва дар як сол артиши Украина боз ҳам заифтар хоҳад шуд.
Коршинос илова кард, ки артиши Русия танҳо нерӯи худро афзоиш медиҳад.
Гузашта аз ин, Кремл равобити худро бо муттаҳидонаш, аз ҷумла Чин, Кореяи Шимолӣ ва Эрон афзоиш медиҳад. Ин шарикӣ чунон тавоно аст, ки ба НАТО дар сурати cap задани ҷанги ҷахонӣ ҳатто шонс намедиҳад.
Оқои Орсини таъкид кард, ки ҳамла ба минтақаи Курск дурнамои оғози музокиротро боз ҳам ба таъхир андохт.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Алихонов гуфт, ки амалиёти вижа чашми тамоми ҷаҳонро ба аслиҳаи Русия ҷазб кард
Ёдовар мешавем, ки қаблан сардори ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Русия Валерий Герасимов гуфт, субҳи 6 август нерӯҳои мусаллаҳи Украина бо ҳадафи тасарруфи қаламрав ба вилояти Курск ҳамла карданд ва пешравии онҳоро рафъ намуданд. Вай таъкид кард, ки амалиёт дар вилояти Курск бо шикасти душман ва бозгашт ба марзи давлатӣ анҷом меёбад.
Раисиҷумҳур Владимир Путин изҳор дошт, ки режими Киев даст ба иғво задааст ва ба тарафи мардуми осоишта тирандозӣ мекунад. Путин гуфт, ки душман посухи арзанда хоҳад гирифт ва ҳама ҳадафҳое, ки дар назди Русия истодаанд, амалӣ хоҳанд шуд.
Трамп борҳо таъкид кардааст, ки дар сурати дубора интихоб шуданаш ба курсии раисҷумҳур, метавонад дар давоми ҳамагӣ 24 соат низоъ миёни Русия ва Украинаро ҳал намояд. Сухангӯи раисиҷумҳури Русия Дмитрий Песков дар шарҳи ин гуфтаҳои Трамп қайд кард, ки мушкилот барои чунин ҳалли сода хеле печида аст.