Тоҷикистон дар ҳолати зарурӣ аз Русия тестҳо барои муайян кардани обилаи маймун мехарад

Муовини раиси назорати санитарию эпидемиологии Тоҷикистон имкони харидории системаҳои тестии Русия барои ошкор кардани бемории обилаи маймунро шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Намояндагони Тоҷикистон дар нишасти раҳбарони хадамоти санитарию эпидемиологии Иттиҳоди гумрукии кишварҳои узви Иттиҳодияи итисодии АвруОсиё, Русия ва Ӯзбекистон ширкат карданд.
Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Яке аз мавзӯъҳои асосӣ таҳияи системаҳои тестии Русия барои ошкор кардани ҳолатҳои сирояти маризии обилаи маймун буд.
"Федератсияи Русия тасдиқ кард, ки агар санҷишҳо ба миқдори зиёд омода бошанд, онро ба кишварҳо пешкаш мекунад, яъне Тоҷикистон низ дастрасӣ ба ин тестҳоро дорад. <...> ҳамаи кишварҳои ширкаткунанда сатҳи пасти паҳншавии ин бемориро эътироф карданд. Аз ин рӯ, намояндагони вазорати тандурустии мо посух доданд, ки мо дар ҳолати зарурӣ ташхис дархост хоҳем кард", - гуфт Ҷаъфаров.
Муовини сардори назорати санитарию эпидемиологӣ қайд кард, ки дархост барои ташхиси бемории обилаи маймунро Тошканд аз Русия дархост намудааст.
Ба қавли ӯ, шояд ба ин чорабиниҳои байналмиллалӣ, ки дар нимаи дуюми моҳи сентябр дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шудаанд, вобаста бошад
"Сухан дар бораи мусобиқаҳо бо иштироки даҳҳо кишвар ва на танҳо дар Ӯзбакистон, балки дар Қазоқистон низ меравад, аз ин рӯ, Тошканд ва Остона аз Федератсияи Русия дархост кардаанд", - гуфт коршиноси тоҷик.
Дар Тоҷикистон барои пешгирӣ аз вуруди бемории "обилаи маймун" назорат бештар мешавад
Вай ҳамчунин афзуд, ки Тоҷикистон дар сурати баргузории чорабиниҳое, ки бо ҳузури намояндагони қитъаи Африқо сурат егиранд, аз Русия тестҳо барои муайян кардани обилаи маймун ро дархост мекунад.
Қаблан Тоҷикистон дар пайи кишварҳои дигар ба таҳияи тавсияҳои вижа барои ҷилавгирӣ аз густариши бемории обилаи маймун шурӯъ карда буд. Аз ҷумла, мақомот назоратро дар гузаргоҳҳои марзӣ пурзӯр кардаанд.