БАОР: амнияти ғизоӣ дар Тоҷикистон метавонад бадтар шавад

Ин созмони байналмилалии молӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон давоми 10 соли оянда афзоиши истеъмол дар назар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 авг — Sputnik. Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) пешгӯӣ намудааст, ки дар Тоҷикистон эҳтимол амнияти ғизоӣ рӯ ба бадшавӣ ниҳад.
"Дараҷаи таъмини аҳолӣ бо навъҳои асосии маҳсулот дар давраи то соли 2035 метавонад аз 56,7% то 53 % коҳиш ёбад", - тавзеҳ додааст созмони байналмилалии молӣ.
Ба гуфтаи мутахассисони БАОР, тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон боиси коҳиши ҳосили миёнаи зироатҳои ғалладона15% ва сабзавоту меваҷот 9-11% дар солҳои оянда мегардад.
Ба тараққиёти хоҷагии қишлоқ дар Осиёи Миёна имкониятҳои маҳдуди ба кор андохтани заминҳои нав, норасоии об, динамикаи маҳдудияти прогресси техникӣ монеъ мешаванд.
Ҳамзамон рушди баланди демографӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ фишори афзоянда мегузорад.
Манбаъ мегӯяд, то соли 2035 танҳо Қазоқистон метавонад истиқлоли ғизоро дар минтақа таъмин кунад.
Дар Тоҷикистон сатҳи худтаъминкунӣ бо маҳсулоти асосӣ, аз қабили ғалла, гӯшт, шакар ва равғани растанӣ нисбат ба истеъмоли онҳо паст аст.
Ҳосили гандум дар вилояти Хатлон кам шуд
Тибқи пешгӯиҳои БАОР, дар Тоҷикистон дар 10 соли оянда афзоиши истеъмол дар назар аст. Ҳамин тавр, истеъмоли гӯшт 47 %, тухм 27%, шир 25%, ғалла 79 %, сабзавот 95 %, равғани растанӣ 57 % зиёд мешавад.
Тоҷикистон сарфи назар аз пешрафтҳои мавҷуда дар самти ноил шудан ба амнияти озуқаворӣ, ҳамоно ба воридоти маводи ғизоӣ сахт побанда аст.
Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат яке аз ҳадафҳои стратегӣ эътироф шудааст.
Стратегия то соли 2030 ба 70 % расондани худтаъминкунии озуқаворӣ ва то 40 % даромади умумӣ кам кардани ҳиссаи хароҷоти хонавода ба маводи озуқаро пешбинӣ мекунад.