Таҷлили Иди тарбуз, харбуза ва каду дар Душанбе чӣ гуна гузашт?: - аксҳо

Дар ин рӯз кишоварзони ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни каду, тарбуз, харбуза ва маҳсулоти кишоварзӣ, ба фурӯш гузошта мешаванд
Sputnik
Дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе "Иди тарбуз, харбуза ва каду" баргузор шуд
Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки баргузории "Иди тарбуз, харбуза ва каду" аз соли 2018 инҷониб ба ҳукми анъана даромадааст.
Баргузории чунин идҳо ба муаррифии дастранҷи марди деҳқон ва маҳсулоти ватанӣ равона гардидааст.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба Боғи Фирдавсӣ рафта, ҷараёни баргузории "Иди тарбуз, харбуза ва каду"-ро ба дурбини худ сабт намуд.
1 / 10

Таҷлили "Иди тарбуз, харбуза ва каду" дар боғи Фирдавсии шаҳри Душанбе

2 / 10

Дар ин рӯз кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза, каду ва дигар маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод намуданд.

3 / 10

Ҳамчунин дар ин ҷо гӯшаи тавсияҳо ташкил гардид, ки дар он олимони соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон барои парвариши ин маҳсулоти полезӣ ва манфиати он тавсияҳо доданд.

4 / 10

Маҳсулоти полезӣ имрӯз дар ин намоишгоҳ бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинону меҳмонон гардид.

5 / 10

Баргузории Иди тарбуз, харбуза ва каду, пеш аз ҳама, ба он равона гардидааст, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт бо маҳсулоти ватанӣ таъмин гарданд.

6 / 10

Ба гуфтаи мутахассисон дар Тоҷикистон ҳамаи навъҳои маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла тарбуз, харбуза ва каду хело хуб парвариш меёбанд.

7 / 10

Ҳамчунин дар ин рӯз ба иштирокдорони намоиш навъҳои беҳтарини харбуза пешниҳод гардиданд.

8 / 10

Ҳамчунин ин ид барои он аст, ки маҳсулоти кишоварзӣ тарғиб шавад, дастранҷи марди деҳқон муаррифӣ шуда, анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз эҳё ва деҳқонон аз таҷрибаи зироаткорони дигар минтақаҳои Тоҷикистон огоҳ шаванд.

9 / 10

Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мусоидат менамояд.

10 / 10

Ба иттилои мутахассисони Вазорати кишоварзӣ, ҳоло дар ҷумҳурӣ 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад.