ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Тоҷикистон ва Эрон барои табодули таҷрибаи табибон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд, иттилоъ додааст вазорати тандурустии кишвар.
Ба иттилои манбаъ байни Донишкадаи таҳсилоти баъдидипломии кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон ва Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Ҷумҳурии Исломии Эрон Созишномаи ҳамкорӣ барои ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифтани мутахассисони соҳа ба имзо расид.
Созишномаи ҳамкорӣ ахиран зимни вохӯрии Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода бо ҳайати Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Эрон ва роҳбари донишгоҳ Алиризо Золӣ ба имзо расид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо барои ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти омӯзиш, бозомӯзӣ, иштирок дар чорабиниҳои илмию амалӣ, машварат ва гуфтугӯ бобати рушду равнақ додани ҳамкорӣ байни донишгоҳҳо, байни муассисаҳои тиббӣ ва тиббию илмӣ дар самти мубодилаи таҷриба, бозомӯзии мутахассисони тоҷик дар Эрон ва мутахассисони эронӣ дар давлати мо, тайёр кардани мутахассисони илмию амалии соҳаи тандурустӣ аз рӯи ихтисосҳое, ки дар Тоҷикистон ба онҳо эҳтиёҷ зиёд аст ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ба номзади илмҳои тиб, духтури дараҷаи олӣ, ангиоҷарроҳ, корманди Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо"-и Вазорати тандурустӣ Дориюш Раҷабов, ки даври омӯзишии шашмоҳаи эндоваскуляриро дар Донишгоҳи улуми пизишкии Шаҳид Биҳиштии Эрон хатм намудааст, аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ дипломи байналмилалӣ супорида шуд.