ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ба иттилои вазорати киҳоварзии Тоҷикистон сабабҳои асосии коҳиш ёфтани пахтапарварӣ гаронии нархи маводи истеҳсолӣ (тухмии хушсифат, нуриҳои минералию заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ, истифодаи техникаи кишоварзӣ), тағйирёбии иқлим, таъмини оби полизӣ, таҳримҳои иқтисодӣ, низоъҳо ва тағйирёбии нархҳо мебошанд.
Муовини вазири кишоварзӣ Зеваршои Зеваршо дар посух ба суоли рӯзномаи “Ҷумҳурият” посух додааст, ки парвариши пахта яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад, ки дар соли 2023 ҳудуди 10 дарсади маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакатро ташкил медиҳад.
“Сарфи назар аз тадбирҳои диверсификатсияи истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ, дар содирот (қариб 70%) мавқеи асосиро ишғол мекунад. Пахтакорӣ қариб 20% аҳолии мамлакатро бо кор таъмин намуда, манбаи муҳими ашёи хоми саноати бофандагӣ ба ҳисоб меравад”, - гуфт ӯ.
Вай қайд кард, ки дар соли 2024 майдони кишти пахта 174,9 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 8,6 ҳазор гектар зиёд мебошад.
Инчунин, ба маблағи 95,5 млн доллар 54,5 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содирот шуд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта аз рӯи арзиши гумрукӣ 20,5 млн доллар ва аз рӯи ҳаҷм 13,6 ҳазор тонна зиёд мебошанд.
Муовини вазир қайд кардааст, ки вазорати кишоварзӣ вобаста ба ваъзи мавҷудаи молиявӣ дар доираи лоиҳаҳои амалкунанда ҷиҳати дастгирии хоҷагиҳои пахтапарвар ва беҳтар намудани ҳолати моддиву техникӣ дар солҳои 2023-2024 барои кишт 110 тонна тухмии чигити гурӯҳи элита, 4 трактори шудгоркунанда, 10 трактори байниқаторӣ, 7 трактори нақлиётӣ, 24 испор, 7 ядак, 15 заминнармкунак, 13 тухмипошаки пахта, 2 заминҳамворкунак ва 4 тойбанди пахта дастрас кард.
Зикр гардидиааст, ки вобаста ба тағйирёбии иқлим дар солҳои охир ҷиҳати мутобиқсозии тухмӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии зироати пахта чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.