Дар давоми 10 сол гардиши савдо дар дохили ИИАО ба 87,5 миллиард доллар расид

Дар вазорати умури хориҷии Русия бар он ҳастанд, ки тиҷорат дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба маротиб афзоиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тайи даҳ соли ахир ҳаҷми муомилоти мол дар доираи Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ду баробар афзоиш ёфта, ба 87,5 миллиард доллар расид.
Дар ин бора ба хабаргузории РИА “Новости” мудири департаменти аввали кишварщи ИДМ ВУХ-и Русия Микаэл Агасандян хабар дод.
Дипломат таъкид кард, ки дар муомилоти молии дохили иттиҳодия ҳиссаи калонро махсулоти арзиши иловашуда — мошину таҷхизот ишғол мекунад.
Ин аз он шоҳидӣ медиҳад, ки ИИАО тиҷораташро афзоиш дода ба рушди ҳаҷми технологияҳои муоссири тавлидотӣ такя мекунад.
ВУХ-и Русия: Нақшаҳои дар бораи тағйири сиёсати муҳоҷиратӣ дар ИИАО нест
Микаэл Агасандян ба масъалаи ҳисоббаробаркуниҳо бо пули миллӣ таваҷҷӯҳи хоса дод.
Ба гуфтаи ӯ, имрӯз ин нишондод дар доираи ИИАО ҳудуди 90% аст.
"Ин натиҷа ба шарофати амалҳои ҳамоҳангшудаи ҳамаи кишварҳои узви ИИАО имконпазир гардид, ки аз зарурати ҳадди ақалл кам кардани хатарҳои марбут ба истифодаи воситаҳои молиявии ғарбиро шаҳодат медиҳад. Дар воқеияти кунунӣ онҳо беш аз пеш ба як воситаи фишори мустақим табдил меёбанд”, - қайд кард дипломати рус.