ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Тоҷикистон ва Қазоқистон дар мавриди таҳкими ҳамоҳангии ниҳодҳои интизомӣ ва хадамоти кашфи ду кишвар дар муқобила бо таҳдидҳои муосири амниятӣ ба тавофуқ расиданд.
Дар ин бора дар музокироти президентҳои ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар доираи тангу васеъ баррасӣ шуд.
"Мо ба мувофиқа расидем, ки ҳамоҳангсозии кори ниҳодҳои қудратӣ ва хадамоти иктишофиро дар мубориза бо хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ тақвият бахшем", - гуфт Раҳмон дар поёни мулоқот.
Ҷонибҳо ният доранд, ки фаъолияти хадамоти иктишофиро дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, зуҳуроти радикализм, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ ҳамоҳанг созанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба зарурати густариши ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз қабили СММ, Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), Созмони Аҳдгомаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) ишора кард.
Ёдовар мешавем, ки президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев бо як сафари дурӯзаи давлатӣ дар Душанбе қарор дорад.
Сафари раҳбари Қазоқистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт.
Сафари раҳбари Қазоқистон бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон сурат гирифт.