ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Дар ин бора дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки дар шаҳри Душанбе, анҷом ёфт, иттилоъ дода шуд.
Дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон доираҳои соҳибкорию сармоягузории ҳарду давлат иштирок намуда, роҳҳои тақвияти ҳамкориро дар бахшҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак баррасӣ намуданд.
Дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, гуфт, ки солҳои охир ҳамкории гуногунсоҳаи ду давлат беш аз пеш густариш меёбад.
Вай афзуд, ки Қазоқистон барои Тоҷикистон яке аз давлатҳои шарики стратегӣ дар минтақа маҳсуб шуда, дар сохтори тиҷорати хориҷии давлати мо соли 2023 бо ҳиссаи 13,8% дар зинаи чорум қарор гирифт.
Таъкид гардид, ки таҳкими ҳамкории тиҷоратию сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Қазоқистон, ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди Тоҷикистон, ба роҳ мондан ва тавсеаи ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкории ҳарду давлат аз ҳадафҳои асосии Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории Тоҷикистон ва Қазоқистон мебошад.
Ҳамчунин дар ин форум муовини якуми Сарвазири Қазоқистон Роман Скляр дар бораи саҳифаи нав дар таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратии ҳарду давлат таъкид кард.
Вай гуфт, ки соли 2023 мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон марзи беш аз 1 миллиард долларро убур намуд. Ҳарду давлат тасмим гирифтаанд, ки ояндаи наздик ин нишондиҳандаро то ба 2 миллиард доллар расонанд.
“Барои ноил гардидан ба ин ҳадаф байни ҳарду давлат имконияти фаровон мавҷуд аст, ки истифодаи он ба манфиати давлатҳо мебошад”, - гуфт мақомдори қазоқ.
Тибқи омори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ бо Ҷумҳурии Қазоқистон 1 млрду 148,7 миллион долларро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2022 292,5 млн доллар ё 20,3 фоиз коҳиш ёфтааст.
Дар сохтори савдои хориҷии Тоҷикистон соли 2023 Қазоқистон бо ҳиссаи 13,8% ҷои чорумро ишғол менамояд.
Содироти мол ба Қазоқистон соли гузашта 255,8 миллион доллар ва воридот 892,9 миллион долларро ташкил намуд.
Сохтори содиротро асосан 76,3% маъданҳо ва консентратҳо, 6,1% меваю донагиҳо, 4,6% сурб ва маҳсулот аз он, 3,3% нӯшокиҳои спиртӣ ва ғайриспиртӣ ва сохтори воридотро аз Қазоқистон 36,4% гандум ва ғалладонагиҳо, 18,6% нафт ва маҳсулоти нафтӣ, 10,7% маҳсулоти химияи ғайриорганикӣ, 9,8% металлҳои сиёҳ, 7,5% равғанҳо, равғани растанӣ ва дигар молҳо ташкил медиҳанд.