ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Вазорати дифои Русия ахиран хабар дод, ки нерӯҳои украинӣ, ки ба қаламрави Русия дар вилояти Курск ҳамла карданд, аз рӯзи аввали убури марзи Русия беш аз 4,7 ҳазор низомии худро аз даст доданд.
"Дар маҷмӯъ, дар ҷараёни набардҳо дар самти Курск душман беш аз 4700 нафар сарбоз, 68 танк, 27 худрави ҷангии пиёданизом, 53 нафарбари зиреҳпӯш, 336 худрави зиреҳпӯши размӣ талаф дод", — хабар додааст вазорати дифоъ.
Илова бар ин, Киев дар ин муддат 148 мошин, 32 тӯпхона, панҷ системаи зиддиҳавоӣ, даҳ системаи чандгонаи мушакпартои, аз ҷумла се HIMARS, шаш истгоҳи электроникии ҷангӣ, чаҳор воҳиди таҷҳизоти муҳандисӣ аз даст дод.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш фармондеҳи нерӯҳои вижаи "Ахмат", муовини сардори Сарраёсати ҳарбӣ-сиёсии вазорати дифои Русия генерал-майор Апти Алаудинов дар Telegram канали худ навишт, ки Русия ҳатман пирӯз хоҳад шуд.
"Боз такрор мекунам, мисли пештара, ман ва шумо бояд барои худ огоҳона хулоса барорем, ки Русия ҳатман ба пирӯзӣ мерасад".
Фармондеҳи Ахмат афзуд, ба ҷуз пирӯзӣ дар ҳавзаи низомии шимолӣ илоҷи дигаре нест.