ДУШАНБЕ, 22 авг – Sputnik. Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои 16 санади нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Токаев "Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон"-ро ба имзо расонданд.
Ҳамчунин тарафҳо зери санадҳои зерин имзо гузаштанд.
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамдигарфаҳмӣ миёни Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ва Комиссияи марказии интихоботи Ҷумҳурии Қазоқистон;
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ва Вазорати энергетикаи Қазоқистон;
Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати кишоварзии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии Қазоқистон дар самти рушди инноватсионӣ ва рақамикунонӣ, омода намудан ва бозомӯзии кадрҳои кишоварзӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати кайҳонии Қазоқистон;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва иттилооти Қазоқистон;
Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва сохтмони Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рушди технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши сохтмон;
Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон ва Кумитаи назорат ва бозрасии ветеринарии Вазорати кишоварзии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи байторӣ;
Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон ва Вазорати сайёҳӣ ва варзиши Қазоқистон;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия, метрология ва баҳодиҳии мутобиқат миёни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Қазоқистон
Ёддошти тафоҳум миёни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Тоҷикистон ва Ҳукумати вилояти Алмаатои Қазоқистон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, илмию техникӣ, гуманитарӣ ва фарҳангӣ;
Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ миёни Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати адлияи Қазоқистон дар самти иҷрои санадҳои судӣ ва санадҳои дигар мақомот;
Ёддошти ҳамкорӣ миёни КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва ҶС “Ширкати миллии Қазоқистон темир жоли”;
Ёддошти тафоҳум миёни КВД “Фулузоти нодири Тоҷикистон” ва ҶСК “Ширкати миллии атомии “Казатомпром”;
Ёддошти ҳамкорӣ миёни Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Маҷмааи ҷавонони Қазоқистон.
Пас аз имзои санадҳо дар нишасти матбуотӣ раисҷумҳури Тоҷикистон аз аҳамияти таърихии имзои "Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ миёни Тоҷикистон ва Қазоқистон"-ро махсус таъкид кард.
“Ин санади муҳим, бешубҳа, дар таърихи ҳамкории ду кишвар саҳифаи нав мекушояд ва бовар дорам, ки заминаи мустаҳками шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии мо хоҳад шуд”, - гуфт роҳбари Тоҷикистон.