Дар Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон баргузор мешаванд

Дар Муассисаи давлатии "Кохи Борбад"-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ мегарданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Дар "Кохи Борбад"-и шаҳри Душанбе Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон ва санъати ороишии амалии ҳунармандони қазоқ, ки дар он ҳунари заргарӣ, тангаҳои қиматбаҳо, либосҳои миллӣ, миёнбандҳо ва дигар ҳунарҳои қадимӣ ба намоиш гузошта мешаванд, баргузор мегардад.
Дар барномаи консертии Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон оҳангу тарона ва рақсҳои ҷолиби ҳунармандони қазоқ пешниҳод мегарданд.
Ҳамчунин дар назар аст, ки дар барномаи консертӣ ҳунармандони қазоқ рақс ва оҳангҳои тоҷиконаро пешниҳод намоянд.
Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон 22-23 август ҳайати ҳунарии Қазоқистон дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод менамоянд.
Тоқаев вориди Душанбе шуд: Раҳмон шахсан ба пешвози ҳамтои қазоқаш ба фурудгоҳ рафт
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Аида Баллаева дидору мулоқот кард.
Дар ҷараёни вохӯрӣ густариши робитаҳои фарҳангӣ байни ду давлат, аз ҷумла ташкили шумораи зиёди квотаҳо ва имконияти такмили ихтисоси мутахассисони тоҷик дар соҳаҳои санъату фарҳанг дар муассисаҳои таълимии Қазоқистон баррасӣ шуд.