ДУШАНБЕ, 19 авг — Sputnik. Тоҷикистон низ дар баробари кишварҳои минтақа чораҳои пешгирӣ аз вуруди бемории сироятии "обилаи маймун", ки ҳоло аз он дар ҷаҳон бонги изтироб мезананд, пурзӯр мекунад.
Дар ҳоли ҳозир дар кишвар таҳияи дастурҳо вобаста ба бемории мазкур идома дорад.
Дар ин бора Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон изҳор дошт.
Ӯ гуфт, ки дастурамалҳои ҷаҳонӣ вобаста ба беморӣ дастрас шуда, ҳоло онро вобаста ба шароити Тоҷикистон мувофиқ ва ба муассисаҳои тандурустӣ тақсиму ба аҳолӣ фаҳмондадиҳиҳо мегузаронем.
Ба гуфтаи вай, дар гузаргоҳҳои марзӣ низ таъкид шуд, ки назорат бештар гардад, махсусан муоинаи визуалиро бештар бубинанд.
Вай дар мавриди шахсони гирифтори ин беморӣ гуфт, ки онҳо зуд ошкор мешаванд ва одатан сафар ҳам намекунанд. Роҳҳои гузариши он танҳо ҳангоми расиши пӯст ба пӯст аст, чун дигар сироятҳо бо роҳи нафас ва ҳаво паҳн намешавад.
"Эҳтимолияти расидани беморӣ ба Тоҷикистон хело паст аст, аммо чораҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ ва назорат роҳандозӣ мешавад",- афзуд мутахассис.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран кишваҳои минтақа, назири Қазоқистон ва Узбекистон аз ташдиди назорат дар гузаргоҳҳои марзӣ бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ хабар дода буданд.
Ахиран Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (ТУТ) бори дувум дар ду соли ахир аз хуруҷи бемории обилаи маймун нигаронӣ карда онро вазъияти фавқулодаи ҷаҳонӣ эълон кард.
Ҳодисаҳои сироятёбӣ дар Ҷумҳурии Демократии Конго ва баъдтар дар Бурунди, Кения, Руанда ва Уганда ба қайд гирифта шуданд.
Аз аввали соли 2024 дар кишварҳои Африқо беш аз 17 ҳазор мавриди сирояти обилаи маймун ошкор шудааст. Дар ҳафтаҳои охир афзоиши сироят дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст.
Дар гузашта вазири тандурустии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфта буд, ки бемории обилаи маймун ду марҳила дорад ва барои фазаи аввал ҳарорати баланд ва беҳолию бемадорӣ хос аст, ки 5 рӯз давом мекунад.
Фазаи дуюм пайдоиши яррачаҳо мебошад, ки дар сурати зуҳури ин осор афроди бемор ҳатман дар муассисаҳои тандурустӣ бистарӣ мешаванд, таъкид кард вазир.
Ба гуфтаи вазир, феълан дар Тоҷикистон баробари нишонаҳои клиникӣ инчунин тестҳо барои муайян кардани ин намуди беморӣ аллакай захира карда шудаанд.
Обилаи маймун як сирояти вирусист, ки метавонад байни одамон низ гузарад. Ҷараёни беморӣ одатан сабук мегузарад ва аксари беморон дар давоми чанд ҳафта шифо меёбанд, аммо баъзеҳо метавонанд ин дардро бо мушкилӣ паси сар кунанд.