Ҳунарпешаи афсонавӣ Ален Делон даргузашт: марди торихи синамои Фаронса дар аксҳо

Ҳунарпешаи афсонавии фаронсавӣ Ален Делон рӯзи 18 август даргузашт. Ин фаронсавӣ дар синни 88-солагӣ дар хонааш дар иҳотаи се фарзанд ва хонаводааш ҷон дод
Sputnik
Марҳум асосан дар солҳои 60-ум ба шарофати нақшҳояш дар филмҳои "Рокко ва бародаронаш" (1960), "Дар офтоби дурахшон" (1960), "Самурай" (1967) шӯҳрати калон пайдо кардааст.
Соли 1975 Делон дар филми "Зорро" нақши асосиро бозид, ки дар Иттиҳоди Шӯравӣ муваффақияти калон дошт.
Ҳунарпешаи фаронсавӣ дар синамои шӯравӣ низ нақшҳо дошт, аз ҷумла соли 1980 дар филми "Теҳрон-43" нақш офаридаст.
Дар Фаронса Делон бо баландтарин ҷоизаи давлатӣ - Ордени Легиони Шараф қадрдонӣ гардидаст.