Коҳиши 30% пиряхҳо ва сабти зиёд омадани селҳо дар Тоҷикистон: Шарҳи Агентии обуҳавошиносӣ

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд агар ҳарорати ҳаво дар кишвар то моҳи сентябр баланд боқӣ монад, омадани селҳои маҳаллӣ низ аз эҳтимол дур нест
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 авг — Sputnik. Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи июни имсол 28 ҳолати омадани сел мушоҳида гардид. Моҳи июни соли равон нисбат ба моҳи июни соли 2023 омадани сел 9 ҳолат зиёдтар сабт шудааст.
Ҳамчунин ба иттилои манбаъ дар моҳи июл дар ҷумҳурӣ 30 сел сабт гардид.
Тавре Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон аз 13 то 15 август бо сабаби баландшавии ҳарорати ҳаво дар баъзе минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилояти Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад.
Манбаъ афзуд, ки имсол бо баланд гардидани ҳарорати ҳаво аз нимаи дуюми моҳи июн сар карда, то моҳи август дар минтақаҳои кӯҳӣ ва қисмати ҷанубии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, минтақаҳои кӯҳии ноҳияи Сангвор, Лахш, доманакӯҳҳои Ҳисор ва ҳавзаи дарёи Зарафшони вилояти Суғд омадани селҳои пиряхӣ пешгӯӣ карда шуд.
Ҳушдор аз сели пиряхӣ дар Тоҷикистон
“Обшавии пиряхҳо раванди табиӣ мебошад, аммо даҳсолаҳои охир бо тағйир ёфтани иқлим ва баланд гардидани ҳарорат суръати он нисбат ба давраҳои пеш ташвишовар шудааст. Имсол дар минтақаҳои ҳавзаи дарёи Вахш, Зарафшон, Сурхоб, минтақаи Тоҷикобод ва ноҳияи Сангвор обшавии пиряхҳо бештар ва баръало мушоҳида мешавад, ки ба хоҷагии халқ хисороти калон ворид менамояд”, қайд кардааст манбаъ.
Зикр гардидааст, ки дар натиҷаи мушоҳидаҳо маълум шудааст, ки шуруъ аз соли 1930 масоҳати умумии пиряхҳои мамлакат тақрибан 30% коҳиш ёфтааст.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, давоми 70-80 соли охир ҳарорати миёнаи солона дар мамлакат дар водиҳо- дар баландии 1000 метр аз сатҳи баҳр ва дар кӯҳҳо- дар баландии 2500 метр боло рафтааст, ки ин сабаби обшавии қисмати асосии пиряхҳо мегардад.
Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд агар ҳарорати ҳаво дар мамлакат то моҳи сентябр баланд боқӣ монад, омадани селҳои маҳаллӣ ва пиряхӣ низ аз эҳтимол дур нест.