Ҳушдор аз сели пиряхӣ дар Тоҷикистон

Рӯзҳои наздик хатари баланд шудани сатҳи дарёҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳо, фаромадани сангу ярч аз имкон дур нест, ҳушдор доданд аз КҲФ
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Дар Тоҷикистон хатари омадани сели пиряхӣ то 15 август дар назар аст.
Дар ин бора Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ҳушдор дод.
Гуфта мешавад, ки ин ба болоравии ҳарорати ҳаво вобаста бошад.
Ҳамин тариқ, дар ноҳияҳои кӯҳистонии тобеи ҷумҳурӣ, Суғд ва ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳдид аз ин ҳодисаи табиӣ пешгӯӣ мешавад.
Таъкид мешавад, ки дар рӯзҳои наздик хатари болоравии сатҳи дарёҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳӣ, фаромадани сангу ярч бештар мешавад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ва мудофиаи граждании Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки дар наздикии обанборҳо ва ҳангоми гашти кӯҳӣ эҳтиёткор бошед.
Офатҳои табиӣ ба Тоҷикистон дар шаш моҳ 12 млн доллар зарар расонданд
Илова бар ин, КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки барои тоза кардани маҷрои партовгоҳҳо, дарёҳо, сойҳо, каналҳо ва дигар обанборҳои дар наздикӣ ва ё дар ҳудуди маҳалли зисти онҳо ҷойгиршуда корҳоро анҷом диҳанд.
Қаблан Кумитаи ҳолатҳои фавқулаодаи Тоҷикистон ба омӯзиши як воҳиди вижаи наҷотдиҳандагон, ки дар амалиёт дар хориҷа ширкат мекунанд, шурӯъ карда буд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аллакай дар амалиёти наҷоти байналмилалӣ таҷриба дорад, масалан, 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи кишвар як рӯз пас аз заминларзаи аввалини харобиовари 20 феврали соли 2023 ба Туркия сафар ва дар корҳои ҷусторӣ ширкат карданд..