Аз 12 то 14 август дар Боғи ҳарбӣ-ватандӯстии фарҳангу фароғати Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия "Патриот" (вилояти Маскав) Форуми байналмилалии ҳарбӣ-техникии "Артиш-2024" баргузор мешавад.
Вазорати дифои Русия хабар додааст, ки имсол ин чорабинӣ бидуни иштироки оммавӣ сурат мегирад. Мавзӯи асосӣ амалиёти махсуси низомӣ мебошад.
Форуми "Артиш" аз соли 2015 баргузор мешавад. Соли гузашта дар форум ҳайатҳои вакилони вазоратҳои мудофиаи 83 мамлакати хориҷӣ иштирок доштанд.
Дар чаҳорчӯби ҳамоиш Вазорати дифои Русия ба корхонаҳои саноати дифоъӣ ба маблағи беш аз 400 млрд рубл қарордодҳои ҳукуматӣ имзо карда буд.