Афзоиши сармоягузории мутақобил дар кишварҳои узви ИИАО

Комиссияи иқтисодии АвруОсиё аз афзоиши ду баробари ҳаҷми сармоягузории мутақобила дар кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё хабар дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 авг — Sputnik. Ҳаҷми сармоягузории мутақобила кишварҳои узви ИИАО дар соли 2023 зиёда аз 4,2 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба як соли қабл қариби 2,3 млрд бештар аст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, афзоиши сармоягузории мутақобила асосан аз ҳисоби Русия ва Қазоқистон таъмин шудааст.
Аз ҷумла, сармоягузории кишварҳои иттиҳод ба иқтисоди Қазоқистон аз 414,4 миллион доллари соли 2022 то 1,7 миллиард доллар дар соли 2023 афзоиш ёфтааст.
Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ИИАО идома дорад
Русия ҳамчунон сармоягузори асосӣ (53%) ва қабулкунандаи сармоягузорӣ (45%) дар ИИАО боқӣ мемонад.
Сармоягузории кишварҳои узви ИИАО ба Русия дар соли гузашта 1,9 миллиард долларро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2022 5,2 маротиба бештар аст.
Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.