ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи изҳори тасаллӣ ирсол каржд.
Номаи ҳамдардӣ дар робита ба суқути ҳавопаймо дар ин кишвар, ки дар пайи қурбониҳои зиёд дошт, ироа шуд, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳур.
"Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар вилояти Сан-Паулуи Ҷумҳурии Федеративии Бразилия, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд",- гуфтааст президенти Тоҷикистон.
Дар робита ба ин фоҷеаи вазнин ба Раҳмон ба президент ва мардуми дӯсти Бразилия таъзияву таслияти амиқи изҳор кардааст.
Ӯ аз ҳамтои бразилияш, хостааст, ки ҳамдардии самимияшро ба пайвандону наздикони фавтидагон бирасонад.
Ёдовар мешавем, ки як ҳавопаймо бо 58 мусофир ва 4 узви экипаж дар маҳаллаи истиқоматии Винхедо суқут кард. Мусофирбар аз Каскавел (штати Парана) ба суи Гуарулхос (штати Сан-Паулу) парвоз мекард.
Тибқи маълумоти пешакӣ, ҳавопаймо идораро аз даст дод ва ба гардиш шурӯъ кард ва ба минтақаи яхбандии шадид ворид шуд. Ҳавопаймо дар ҳаво чарх зад ва баъд ба фалокат дучор шуд. Дар натиҷаи уфт 62 тан ҳалок шуд.