Путин гуфт, Русия омода аст як низоми амнияти баробар дар ҷаҳонро таҳия кунад

Ба гуфтаи раҳбари Федератсияи Русия ба талошҳояш дар самти таҳия ҷаҳони бисёрқутби вокунишҳои воқеии мусбату самимӣ дар пай дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 авг — Sputnik. Русия омода аст, ки дар якҷоягӣ бо шарикони хориҷӣ системаи амнияти тақсимнашавандаи баробарро дар ҷаҳон таҳия намояд.
Ин нуктаро раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар паёми худ ба иштирокчиёни форуми "Армия-2024" баён дошта, афзуд, ки таваҷҷуҳи шариконро ба саноати дифои ватанӣ қадр мекунад.
Ӯ қайд намуд, ки форум шавқу ҳаваси мутахассисони бисёр мамлакатҳои ҷаҳонро ба худ чалб мекунад.
"Мо чунин таваҷҷуҳро қадр ва дастгирӣ мекунем, шарикии худро эҳтиром мекунем ва омодаем, ки онҳоро инкишоф диҳем, барои эҷоди амнияти баробар, тақсимнашаванда ва бунёди ҷаҳони нав, одилона ва бисёрқутбӣ якҷоя кор кунем. Мо мебинем, ки талошҳои мо барои ҳамкории созанда талабот дорад ва посухи самимӣ ва вокуниши воқеӣ дарёфт мекунад", - гуфт Путин.
Раисиҷумҳури Русия қайд кард, ки даҳҳо кишвар ба ин ҳамоиш ҳайатҳои намояндагӣ фиристодаанд, беш аз 120 ширкат иштироки худро эълон кардаанд ва дар майдони "Артиш-2024" чандин намоишгоҳҳои хориҷӣ ҷойгир хоҳанд шуд.
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Алихонов гуфт, ки амалиёти вижа чашми тамоми ҷаҳонро ба аслиҳаи Русия ҷазб кард
"Чунин фарогирии васеъ, воқеан байналмилалӣ, кушодагии мутақобилан барои муколама, барномаи ғании ҳамкорӣ аз беҳтарин анъанаҳои ин форум мебошанд", - таъкид кард Путин.
Вай изҳор дошт, ки бисёр ноу-хауҳои русиягӣ алакай самаранокии худро дар майдони ҷанг исбот кардаанд, дар ҳоле ки кори ихтироъкорон бо назардошти таҷрибаи ҷангӣ идома дорад.