Дар Истаравшан кӯзаву деворҳои 1400 сола ёфтанд - акс

Масъулони “Қалъаи Муғ” дар таъсиси як пойгоҳи илмӣ - археологӣ дар заминаи ин иншоот ҳастанд ва мегуянд минбаъд ҳам ба корҳои тадқиқиро идома медиҳанд
Sputnik
Муҳаққиқони истаравшанӣ зимни корҳои ҷустуҷӯи археологӣ ба дарёфти як қатор ашёҳои таърихии қадимӣ муваффақ шудаанд
Пажӯҳишгарон беш аз бист рӯз ба корҳои ҷустуҷӯӣ дар ҳудуди Маҷмаъаи ёдгориҳои таърихиии “Қалъаи Муғ” машғул шуданд.
Мирзо Олимов, директори муассисаи давлатии Маҷмааи “Қалъаи Муғ” – шаҳри Истаравшан зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки экспонат ва дигар ашёҳои ёфтшуда ба давраҳои хеле қадим ба асрҳои неолит рост меояд.
“Хумҳо, кӯзаҳо, сафолпораҳо ва девору сангҳои дарёфт шуда аз ҳолаташон бармеояд, ки молу ашёҳои қадимии асрҳои 7 - 8 ҳастанд. Маълум мешавад, ки мардумоне дар он асрҳо аз ин гуна ашёҳо истифода мебурданд ва ё барои шаҳрсозӣ аз чунин сангу деворҳо истифода мебурданд” – зикр кард, Олимов.
Маврид ба зикр аст, ки Маҷмааи “Қалъаи Муғ” соли 2002 ба феҳристи ёдгориҳои таърихӣ ворид карда шуд. Солҳои 2017 -2018 он аз навсозӣ шуд ва дар соли 2021 ҳамчун иншооти муҳими таърихӣ ба феҳристи мароси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд.
1 / 6

Муҳаққиқон зарфи ҳамагӣ 20 рӯзи ҷустуҷӯҳо ба бозёфтҳои нав мушарраф шуданд

2 / 6

“Хумҳо, кӯзаҳо, сафолпораҳо ва девору сангҳои дарёфт шуда аз ҳолаташон бармеояд, ки молу ашёҳои қадимии асрҳои 7 - 8 ҳастанд. Маълум мешавад, ки мардумоне дар он асрҳо аз ин гуна ашёҳо истифода мебурданд ва ё барои шаҳрсозӣ аз чунин сангу деворҳо истифода мебурданд” – зикр кард, Олимов.

3 / 6

Ба гуфтаи муҳаққиқон зимни бозёфтҳои таърихӣ муайян карда шудааст, ки “Қалъаи Муғ” се давраи маданиро аз сар гузаронидааст ва ҳанӯз 1400 сол муқаддам дар ин макон мардумон зиндагӣ кардаанд.

4 / 6

Ин бозёфтҳо дар рафъи осорхона нигоҳ дошта мешавад.

5 / 6

Масъулони “Қалъаи Муғ” дар таъсиси як пойгоҳи илмӣ - археологӣ дар заминаи ин иншоот ҳастанд ва мегуянд минбаъд ҳам ба корҳои тадқиқотӣ таърихӣ машғул хоҳанд шуд.

6 / 6

Маҷмааи “Қалъаи Муғ” соли 2002 ба феҳристи ёдгориҳои таърихӣ ворид карда шуд. Солҳои 2017 -2018 он аз навсозӣ шуд ва дар соли 2021 ҳамчун иншооти муҳими таърихӣ ба феҳристи мароси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд.